ФАРЊАНГ ДАР ЗАБОНИ ФОРСЇ

                                                                                                  

1-   густара ва доманаи мафњумии вожаи «фарњанг» ба андозае амиќу васеъ аст, ки гунљонидани он дар ќолиби чорчўбе мушаххасу мањдуд, таќрибан дар тамоми забонњо номумкин аст.

2-   таърифу аз «фарњанг», аз арзишњо ва эътиќодоту боварњо гирифта, то манишњо, хислатњо, ќоидаи рафторї, адабиёту њунар, меъморї, оинњо, афсонањову устурањоро дар бар мегиранд, дар њоле ки ба назар мерасад, ќариби ба иттифоќ онњо љомеъ ва монеъ нестанд.


1-   фарњанг вожаи форсї аст, ки пешинае бо ќидмати бисёр дорад ва радди пойи онро дар аксари мутуни назму насри форсї метавон ёфт.

2-   фарњангро мураккаб аз ду љузъ «фар» ва «њанг» донистаанд. «Фар» ба маънои «љилав», «боло», «бар», «пеш» ва ѓайра омадааст ва ба унвони исм низ онро «шукўњ», «дурахшандагї», «бузургї» ва ѓайра маъно кардаанд. «Њанг» низ аз решаи авестоии «танга» ба маънои «кашидан», «зўр», «ќудрат» ва ѓайра гирифта шудааст.

3-   аз назари луѓавї метавон вожаи фарњангро «кашидан ба сўи боло» ва «берун кашидан» маъно намуд, ки талвињан сайри камолї ва рустану растондан аз љањлу торикиро низ мерасонад.

4-   Номи модари Кайковус фарњанг будааст. ба шохи дарахтеро ки дар замин хобонда хок бар рўи он бирезанд, то аз љои дигар сар бароварад ва ба коррези обро низ фарњанг гуфтаанд.

5-    «фарњанг» ба унвони як калимаи ягонаву мустаќил ва на таркибии синонимњое њамчун: донишу фарзонагї, хираду аќли салим, тадбиру санљидагї, тезњушї, адабу ахлоќ, омўзишу парвариш, њикмату диёнат, бузургворї ва азамат ва ё маљмўае аз фазилатњо ва илмњо зикр кардаанд

6-   дар форсии дарї ва навиштањои бозмонда аз забони пањлавї, маъмулан фарњанг дар маънои адабу илм ва њар он чи дар радаи шоистагињои ахлоќї ва њунарварї љой дорад, мебошад. Ба њамин далел, вожаи «фарњангистон» дар матнњои пањлавї ба маънои омўзишгоњ ба кор рафтааст

7-   Фарњанг аз он даста вожањоест, ки дастхуши дигаргунии маъноии зиёде шудааст.

8-   Фарњанг дар забони форсї дар бурњае аз замон маънои тозае ба худ мегирад, дар он замон ба манзури ёфтани ќофия ва мафњуми шеър вожаномањоеро бар мабнои њарфи охири он танзим карда ва ба он луѓат ё луѓатнома мегуфтанд. Аммо баъдан ин китобњо мавриди истифодаи умумї ќарор гирифта ва умумият ёфтанд ва аз он љое, ки дар ин луѓатномањо иттилооти фаровоне дар њама заминањо меомад ва ба љои луѓатнома «фарњанг» ба онњо итлоќ шуд. Яъне китоби луѓат ё луѓатнома ва муаллифони луѓатномањо аз он пас номи «фарњанг» ба китоби худ медињанд.

9-   калимаи фарњанг бо мафњуми равшанфикрї ва табаќотї мутародифи калимањои «мабодии одоб», «борикандеш», «босавод», «ањли мутолиа», «хушмашраб», «ошно бо одобу русуми хавос» ва «муаддаб ва дорои хасоили ахлоќї» низ шуд ва маъмулан аз ин мафњум чунин истинбот гардид ва шояд њам мешавад, ки касеро метавон «бо фарњанг» номид, ки бо рафтори муаддабона ва њушёронааш барои худ шахсият ва мавќеияте ба эњроз кунад, ки барои њама кас муяссар нест ва ин мусталзими доштани имкони мусоид ва истеъдоди муайян ва таълиму тарбияти хос аст.

10-     таърифњои аз фарњанг таркибест аз: Моњияти фарњанг, мавзўъњои фарњангї, амалияи фарњанг.

11-     Дар як мурури иљмолї метавон муштаракоти таърифњо аз фарњанг, аз љумла, мавридњои зерро  истихрољ кард: Омили вањдату назм;-Роњнамо ва далолатгар;-Ваљњи тамоюзи љавомеъ;-Низоми арзишии мутаъолї;-Доної ва шинохту интиќоли он;-Шинохт ба изофаи таљриба ва мањорат;-Малакаи љамъї;-Парвариши андеша;-Арзиш;- Зебої;- Њунар;- Рафтори бархоста аз замири нохудогоњ;- Рафтори суннатї;- Сарсупурдагии љамъї;- Рафтори муктасаб;- Рафтори тањмилии иљтимоъ бар аъзою

12-     Фарњанг маљмўаест органикї аз муаллафањои њувиятбахш .  Дар ин иборат «фарњанг» ба маљмўае органикї аз чанд муаллафаи њувиятбахш таъриф шудааст. Худи ин таъриф њам њувияташро аз муаллафањо ё калидвожањои асосии маљмўаи органикї, муаллафа ва њувият гирифтааст. Бидуни истисно њамаи онњо, ки «фарњанг»-ро таъриф кардаанд бар «маљмўа» будани он изъон доранд ва ихтилофи таърифњо ба муњтавиёти ин «маљмўа» ва чигунагии иртибот, таъомул ва вазни аљзоии ин маљмўа бармегардад. Органикї будани «маљмўа» низ намёнгари зиндаву пўё будани «маљмўа» аст ва ишора ба ин нукта дорад, ки муаллафањои ташкилдињандаи ин «маљмўа» ва аљзою унвурњои њар муаллафа миро ва зояндаанд.

13-     «Муаллафа» соза, созанда ва ташкилдињанда маъно шудааст ва дар истилоњ теъдоде аз љузъњо ва унсурњои муртабиту мутаъомил тањти як созаро «муаллафа» мегўянд. Муаллафа њамчун вожаи таълиф, ки решаи он улфат ба маънои унсу наздикї ва дар канори њам ќарор додан мебошад. Ин бор мафњумеро низ мерасонад, бинобар ин, муаллафа унвонест барои теъдоде аз љузъњо ва унсурњои ташкилдињандаи як бахш аз маљмўаи оргникї, ки онро фарњанг номидем. Агар маљмўаи органикї (фарњанг)-ро њамчун китобе бидонем, муаллафањои ин маљмўаро метавон бахшњои китоб ё фаслњо ва ё њатто праграфњо ё иборатњои як китоб донист.  

14-     Маънои машњури «њувият» ташхис аст. њувиятро он чиаст ки боиси тамоюзиаст.

15-     Њар муаллафаро метавонем дар се сатњи куллї мутолиаву баррасї намоем: мафрузот, арзишњо ва нишонањо.

16-     Мафрузот маљмўае аз боварњои асосї ва пояї њастанд. Ба иборати дигар, гузорањое њастанд, ки мафруз буда ва њаќиќат ё воќеият пиндошта шудаанд.

17-     Арзишњо, матлубиятњо ва идеалњои мубтанї бар мафрузоти асосї ва пояї (боварњо) мебошанд. Арзишњо, воќеиятњо ва корњоест, ки матлубият доранд ва мавриди хост ва орзуи аксарияти афроди як гурўњ, созмон ё љомеа мебошанд ва тарсимгари масир ва чигунагии дастёбї ба ин идеалњо ва матлубњо њам њастанд ва аз њамин рўй боядњо ва набоядњоеро шакл медињанд, ки онњоро њинљор гўянд.

18-     Нишона далолаткунанда, љойгузин, нишонгар ва ба воќеъ намоёнгар ё таљаллии мафрузот ва арзишњо аст. Нишонањо дар рафтори билќувва ва билфеъл, дорандагони мафрузот ва тамомии абъоди мавзўъ ва ё маќулаи марбута ќобили расад, мушоњида, мутолиа ва арзёбї аст.

 

 

 

Маљиди Асадї

Аспиранти пажўњишгоњи фалсафа

Академияи улуми Љумњурии Тољикистон