Тарњи аввалияи баргузории љашнвораи байналмилалии њафтсадумин зодрўзи Мир Сайид Алии Њамадонї зери унвони «Гули бехор»

 

Њар кї моро ёд кард, эзид мар ўро ёр бод,

Њар кї моро хор кард, аз умр бархўрдор бод.

Њар кї андар роњи мо хоре фиканд аз душманї,

Њар гуле аз боѓи васлаш бишкуфад, бехор бод.

 


Куллиёт

Бар асоси сиёсатњои фарњангї ва сулњљўёна дар ду кишвар Ирон ва Тољикистон, ва ба вижа таъкидоти Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон дар мавриди  гиромидошт ва арљгузорї нисбат ба бузургони илму хирад, ки овозаи шуњрати онњо дар љањон пањн гаштааст ва љалби таваљљўњи љањониён ба наќш ва љойгоњи ирониён ва тољикон дар пешинаи тамаддун ва фарњанги љањон, ошносозии њар чї бештари мардуми Ирон ва Тољикистон бо машоњир ва меросњои љовидонаи худ ва тарвиљ ва истењкомбахшї ба иштирокот ва пайвандњои фарњангии ду кишвар пешнињод мегардад, ки љашнвораи байналмилалии њафтсадумин зодрўзи файласуф, ориф, муслињ ва сафири сулњу оромии љањонї Мир Сайид Алии Њамадонї, ки фаъолияте густарда ва таъсиргузор дар асри њаштуми њиљрии ќамарї дошта ва беш аз бист сол аз умри худро бо паёми сулњ, тањаммулпазирї ва њамдигардўстї дар минтаќаи љуѓрофиёие, ки бахше аз он њамчун даврони охир даргири љанг, террор ва хунрезї будааст, ба сафар гузарондааст. Бинобар ин, дар соли 2013 њамзамон бо баргузории љашнњои бисту дуюмин солгарди истиќлоли Тољикистон баргузор шавад.

 

 

Барномањои иљрої:

1.     Ташкили дабирхонаи љашнвора дар Ирон ва Тољикистон ба манзури сомондењии фаъолиятњо ва барномарезии иќдомоти иљрої дар соли 2011;

2.     Баргузории конфренсияи муштараки Ирон ва Тољикистон дар соли 2011 бо њадафи шиносоии муњаќќиќон ва алоќамандон ва баррасии мавзўъњо ва заминањои баргузории Симпозиуми минтаќаї дар соли 2012;

3.     Баргузории Симпозиуми илмии минтаќаї (Ирон, Тољикистон, Афѓонистон, Покистон ва Њиндустон) дар соли 2012 бо њадафи фароњамсозии заминаи љамъоварї, тарљума ва нашри маљмўаи осори Мир Сайид Алии Њамадонї ва эљодиёти дигарон (китоб, маќола, филми мустанад ва достонї, сурат ва ѓайра) дар бораи Мир Сайид Алии Њамадонї, шиносої ва барќарории иртибот бо ва байни наберањои Мир Сайид Алии Њамадонї дар кишварњои гуногун ва њамчунин баррасии тасвиб ва эълони барномањои љашнвораи байналмилалии Мир Сайид Алии Њамадонї дар соли 2013;

4.     Баргузории љашнвораи байналмилалии њафтсадумин зодрўзи Мир Сайид Алии Њамадонї дар соли 2013 бо ширкати кишварњои Ирон, Тољикистон, Афѓонистон, Покистон ва Њиндустон ва бо пуштибонии Созмонњои ЮНЕСКО ва ЭКО.