معنا و مفهوم فرهنگ در زبان فارسی

МАЪНО ВА МАФЊУМИ ФАРЊАНГ ДАР ЗАБОНИ ФОРСЇ

 Маљиди Асадї[1]

در ادامه مطلب ترجمه مقاله معنا و مفهوم فرهنگ در زبان فارسی را به زبان تاجیکی (خط کرلیکی) می توانید مطالعه فرمائید.



[1] . Маљиди Асадї, унвонљўи Пажўњишгоњи фалсафаи АИ ЉТ


Бо вуљуди таърифњои гуногуне, ки аз фарњанг вуљуд дорад, ба андозаи кофї аз он ибњомзудої нашудааст. Зеро густара ва доманаи мафњумии вожаи «фарњанг» ба андозае амиќу васеъ аст, ки гунљонидани он дар ќолиби чорчўбе мушаххасу мањдуд, таќрибан дар тамоми забонњо номумкин аст. Ва бо мурољиа ба навиштањову гуфтањои соњибназарон метавон садњо таърифу тавсиф аз «фарњанг» ёфт, ки аз арзишњо ва эътиќодоту боварњо гирифта, то манишњо, хислатњо, ќоидаи рафторї, адабиёту њунар, меъморї, оинњо, афсонањову устурањоро дар бар мегиранд, дар њоле ки ба назар мерасад, ќариби ба иттифоќ онњо љомеъ ва монеъ нестанд. Ин на аз он љињат аст, ки соњибназарон барои шинохти моњияти фарњанг ањамияте ќоил набудаанд, балки умдатан ношї аз танаввўъи шадиди унсурњо ва падидањои фарњанг аст.[1]

Дар баррасии луѓати фарњанг гуфта шудааст, ки вожаи форсї аст, ки пешинае бо ќидмати бисёр дорад ва радди пойи онро дар аксари мутуни назму насри форсї метавон ёфт. Ин вожаро мураккаб аз ду љузъ «фар» ва «њанг» донистаанд. «Фар» ба маънои «љилав», «боло», «бар», «пеш» ва ѓайра омадааст ва ба унвони исм низ онро «шукўњ», «дурахшандагї», «бузургї» ва ѓайра маъно кардаанд. «Њанг» низ аз решаи авестоии «танга» ба маънои «кашидан», «зўр», «ќудрат» ва ѓайра гирифта шудааст. Аз ин реша вожањои форсии «њанг» ба маънои «ќасду оњанг», «њанљидан», «њехтан», «анљидан» ба маънои «берун кашидан», «баровардан» низ сохта шудааст. Бар ин асос, аз назари луѓавї метавон вожаи фарњангро кашидан ба сўи «боло» ва «берун кашидан» маъно намуд, ки талвињан сайри камолї ва рустану растондан аз љањлу торикиро низ мерасонад.[2] Бо ин њама, ин вожа њељ гоњ ба мафњуме, ки бархоста аз решаи калима бошад, дар урф ва адабиёти эронї наёмадааст.[3] Бурњони ќотеъ «фарњанг»-ро бар вазн ва маънои фарњанљ донистааст, ки илм, дониш, аќл, адаб, бузургї ва санљидагї бошад. Китоби луѓоти форсиро низ гўянд. Номи модари Кайковус њам буда, шохи дарахтеро низ гўянд, ки дар замин хобонда хок бар рўи он бирезанд, то аз љои дигар сар бароварад ва коррези обро низ гуфтаанд. Чї дањан фарњанг љоеро мегўянд аз коррез, ки об бар рўи замин ояд.[4]

Барои вожаи «фарњанг» ба унвони як калимаи ягонаву мустаќил ва на таркибии синонимњое њамчун: донишу фарзонагї, хираду аќли салим, тадбиру санљидагї, тезњушї, адабу ахлоќ, омўзишу парвариш, њикмату диёнат, бузургворї ва азамат ва ё маљмўае аз фазилатњо ва илмњо зикр кардаанд.[5]

Бо таваљљўњ ба мафњумњое, ки аз вожаи фарњанг дар осори бозмондаи забони форсии миёна ва нав вуљуд дорад, бояд љузъи аввали онро аз «фар» ба маънои шукўњ ва шоистагї ва љузъи дуюмро аз «њанг» ба маънои шахсият, шарофат ва фазилат донист.[6]

Фарњанг на танњо дар матнњои насри форсии дарї, балки дар навиштањои бозмонда аз забони пањлавї низ фаровон ёфт мешавад, ки маъмулан фарњанг дар онњо ба маънои адабу илм ва њар он чи дар радаи шоистагињои ахлоќї ва њунарварї љой дорад, мебошад. Ба њамин далел, вожаи «фарњангистон» дар матнњои пањлавї ба маънои омўзишгоњ ба кор рафтааст.[7] Дар вожаномањои арабї ба форсї низ њама љо «адаб»-и арабиро «фарњанг» ва «муаддаб»-ро «фарњангомўз» ва «мутааддиб»-ро «фарњангомўзанда» маъно кардаанд.[8]

Фарњанг аз он даста вожањоест, ки дастхуши дигаргунии маъноии зиёде шудааст, монанди њунар, мањорат, шараф, шахсият, шукўњ ва шоистагї. Аммо бо пайдоии донишгоњ ва барпойии риштањои мухталифи илмї, аз љумла, љомеашиносї борњои маъноии дигаре низ бар ин вожжа афзуда шудааст. Аз љумла, мафњуми вожаи «оин» ба маънои одат ва русуми миллии мардум.[9] Фарњанг дар забони форсї дар бурњае аз замон маънои тозае ба худ мегирад, дар он замон ба манзури ёфтани ќофия ва мафњуми шеър вожаномањоеро бар мабнои њарфи охири он танзим карда ва ба он луѓат ё луѓатнома мегуфтанд. Аммо баъдан ин китобњо мавриди истифодаи умумї ќарор гирифта ва умумият ёфтанд ва аз он љое, ки дар ин луѓатномањо иттилооти фаровоне дар њама заминањо меомад ва ба љои луѓатнома «фарњанг» ба онњо итлоќ шуд. Яъне китоби луѓат ё луѓатнома ва муаллифони луѓатномањо аз он пас номи «фарњанг» ба китоби худ медињанд. Монанди Фарњанги бурњони ќотеъ, Фарњанги рашидї, Фарњанги онандрољ, Фарњанги муин.[10] Фарњанг, ки дар чанд садаи пеш каму беш аз ёдњо рафта ва танњо номе шуда буд барои китобњое, ки дар боби луѓати форсї таълиф мешуд дар соли 1314 њ.ш. бо бунёдгузории «Фарњангистони Эрон» љони тоза ёфт ва бо табдили номи «Вазорати маориф» дар Эрон ба «Вазорати фарњанг» бори дигар аз фаромўшхонаи девонњо ва китобњои луѓат ба зиндагии рўзона пой гузошт[11] ва ба маънои илму дониш ба кор рафт. Њамчунин калимаи фарњанг бо мафњуми равшанфикрї ва табаќотї мутародифи калимањои «мабодии одоб», «борикандеш», «босавод», «ањли мутолиа», «хушмашраб», «ошно бо одобу русуми хавос» ва «муаддаб ва дорои хасоили ахлоќї» низ шуд ва маъмулан аз ин мафњум чунин истинбот гардид ва шояд њам мешавад, ки касеро метавон «бо фарњанг» номид, ки бо рафтори муаддабона ва њушёронааш барои худ шахсият ва мавќеияте ба эњроз кунад, ки барои њама кас муяссар нест ва ин мусталзими доштани имкони мусоид ва истеъдоди муайян ва таълиму тарбияти хос аст.[12]

Вожаи фарњангро дар забонњои аврупої (анслисї, фаронсавї, олмонї) «kultur, culture, culture» мегўянд, ки аз вожаи «cultura» аз решаи лотинии «colore» бармеояд. Ин вожа тейфи маъноии густардае доштааст, монанди маскан гузидан, кишт кардан, посбонї кардан, парастиш кардан ва ѓайра.[13]

Фарњанг дар луѓати араб бо калимаи «ас-Саќофата» баён мешавад ва ба маънои пирўзї, тезњушї, мањорат ва истеъдоди фарогирии илмњо ва саноату адабиёт ба кор рафтааст.[14] Дар забони олмонї вожаи «zivilisation» мутадоии мафњуми адабу назокат ва «kultur» бештар ба маънои фаровардањои фикрї, њунарї ва маънавї, ки фардият ва халлоќияти инсонњо ба кумаки онњо иброз мешавад, ба кор меравад.[15] Дар забони юнонї адабу фарњанг муъодили «paideia» аст.[16] Дар забони чинї фарњанг аз ду пора таркиб шудааст «wen» ба маънои нигошта, њунар, тарбият, хаттотї, расомї… ва «hua» ба маънои интиќол. «Wen- hua» ба маънои фарњанг дар забони чинї вожаи навест, ки барои култура ва тамаддун истеъмол мешавад.[17] Дар Покистон вожаи «тањзиб» ва дар Афѓонистон истилоњи култура ба љои фарњанг роиљ аст.[18] Дар Љопон «hanka» барои дониш, равшанфикрї ва «culture» ба маънои вазъияти тамадуни як ќавм ба кор меравад.[19] Фарњанг дар доирату-л-маорифњои љопонї: «Талош барои истифода аз табиат ё манбаъњои табиї дар бењтар кардани зиндагии инсон» таъриф шудааст.[20] Дар Њинд вожаи «sabhayata» ба маънои фарњанг истеъмол мешавад, ки аз вожаи санскрит «sabhaya» гирифта шудааст ва ба маънои таљаммўъ ва мулоќот ва тааллуќ доштан ба гурўњ ва љамъият, ба вижа, љамъияти мушаххас ва марљаъ, мутамаддин будан, адаб доштан, бо асл будан ва ѓайра медињад.[21] Фарњанг дар забони туркї муъодили вожаи арабии тарбият (бо талаффузи турки тарбияд) аст, њарчанд имрўза вожаи култураи фаронсавї бо талаффузи (култур) љои худро дар ин забон боз кардааст. Гоње њам вожаи «маориф» ва ё вожаи румии «cultura» истеъмол мешавад.[22] Дар забони итолиёї фарњанг аз решаи «coltivure» ба маънои коштан, парвариш додан ва мањалли зери кишт аст ва ба маљмўаи шинохтњои фикрї ва омўхтањои як инсон, махсусан дар сатњи донишгоњї ва дар заминањои адабї, мусиќї, њунарї, таърихї, фалсафї ва ѓайра мегўянд.[23] Дар забони русї ва славянї вожаи «култура» ба кор мебаранд,[24] ки баёнгари маљмўае аз дастовардњои љомеа дар заминаи пешрафтњои модї ва маънавї аст, ки аз сўи љомеа мавриди истифода ќарор мегирад ва шомили суннатњои фарњангї аст, ки дар хидмати пешрафти ояндаи башарият ќарор доранд.[25] Дар забони исландї њам фарњанг «menninz» тарљума шудааст.[26]

Њавзаи маъноии фарњанг бисёр густардааст, аммо маъмулан, таърифњои аз фарњанг таркибест аз:

Моњияти фарњанг, мавзўъњои фарњангї, амалияи фарњанг.

Дар як мурури иљмолї метавон муштаракоти ин таърифњо, аз љумла, мавридњои зерро истихрољ кард:

1.     Омили вањдату назм;

2.     Роњнамо ва далолатгар;

3.     Ваљњи тамоюзи љавомеъ;

4.     Низоми арзишии мутаъолї;

5.     Доної ва шинохту интиќоли он;

6.     Шинохт ба изофаи таљриба ва мањорат;

7.     Малакаи љамъї;

8.     Парвариши андеша;

9.     Арзиш;

10.                   Зебої;

11.                   Њунар;

12.                   Рафтори бархоста аз замири нохудогоњ;

13.                   Рафтори суннатї;

14.                   Сарсупурдагии љамъї;

15.                   Рафтори муктасаб;

16.                   Рафтори тањмилии иљтимоъ бар аъзо.

Њарчанд ки дар бораи мафњуми фарњанг иттифоќи назар нест, аммо бино ба зарурат ва бар асоси решаи луѓавї ва тавсифњое, ки аз он шудааст, иборати зерро ба унвони мафњуми фарњанг матрањ сохта ва мухтасар шарње перомуни он хоњам дод.

Фарњанг маљмўаест органикї аз муаллафањои њувиятбахш

Дар ин иборат «фарњанг» ба маљмўае органикї аз чанд муаллафаи њувиятбахш таъриф шудааст. Худи ин таъриф њам њувияташро аз муаллафањо ё калидвожањои асосии маљмўаи органикї, муаллафа ва њувият гирифтааст. Бидуни истисно њамаи онњо, ки «фарњанг»-ро таъриф кардаанд бар «маљмўа» будани он изъон доранд ва ихтилофи таърифњо ба муњтавиёти ин «маљмўа» ва чигунагии иртибот, таъомул ва вазни аљзоии ин маљмўа бармегардад. Органикї будани «маљмўа» низ намёнгари зиндаву пўё будани «маљмўа» аст ва ишора ба ин нукта дорад, ки муаллафањои ташкилдињандаи ин «маљмўа» ва аљзою унвурњои њар муаллафа миро ва зояндаанд.

 «Муаллафа» соза, созанда ва ташкилдињанда маъно шудааст ва дар истилоњ теъдоде аз љузъњо ва унсурњои муртабиту мутаъомил тањти як созаро «муаллафа» мегўянд. Муаллафа њамчун вожаи таълиф, ки решаи он улфат ба маънои унсу наздикї ва дар канори њам ќарор додан мебошад. Ин бор мафњумеро низ мерасонад, бинобар ин, муаллафа унвонест барои теъдоде аз љузъњо ва унсурњои ташкилдињандаи як бахш аз маљмўаи оргникї, ки онро фарњанг номидем. Агар маљмўаи органикї (фарњанг)-ро њамчун китобе бидонем, муаллафањои ин маљмўаро метавон бахшњои китоб ё фаслњо ва ё њатто праграфњо ё иборатњои як китоб донист. Аммо нуктаи ќобили таваљљўњ ин аст, ки таќсимбандии љузъњои ин маљмўаи органикиро дар вањлаи аввал, яъне дастабандии љузъњо ба муаллафаро бояд ба гунае анљом дод, ки зимни ин ки њар љузъ њувияте мустаќил барои худ дорад, њувиятбахш ба маљмўа њам бошад. Бинобар ин, дар ќадами аввал бењтарин дастабандии љузъњо маљмўаи органикї (фарњанг) ба 3 то 5 љузъи аслї (муаллафа) мебошад. Љадвали зер, сирфан намунаест, барои равшан кардани ин нукта:

Муаллафаи 5

Муаллафаи 4

Муаллафаи 3

Муаллафаи 2

Муаллафаи 1

 

 

Таърих

Ањком ва одоб

Маъод

Мабдаъ

Фарњанги динї

Таърих

Ањком ва одоб

Нубувват

Маъод

Тавњид

Фарњанги ислом

Таърих

Осор

Одоб ва русум

Дин ва мазњаб

Хат ва забон

Фарњанги мардуми Эрон

 

 

Адаб ва одоб

Урф

Ќонун

Фарњанги шањрнишинї

 

Маънои машњури «њувият» ташхис аст. Дар Фарњанги амид «њуввият» њаќиќати шайъ ё шахс, ки муштамил бар сифатњои љавњарии ў бошад маъно шудааст. Ва Фарњанги муин њам њувиятро он чи ки мўљиби шиносоии шахс бошад, яъне он чи боиси тамоюзи як фард аз дигарї бошад маъно кардааст. Бинобар ин, ваќте аз фарњанги мардуми Эрон, фарњанги мардуми Тољикистон ва фарњанги соири маќулот ва мавзўот суњбат ба миён меояд, манзур муаллафањоест, ки ин мавзўъ ё маќуларо аз дигар мавзўъњо ва маќулањо људо месозад. Њар муаллафаро метавонем дар се сатњи куллї мутолиаву баррасї намоем: мафрузот, арзишњо ва нишонањо.

Мафрузот маљмўае аз боварњои асосї ва пояї њастанд. Ба иборати дигар, гузорањое њастанд, ки мафруз буда ва њаќиќат ё воќеият пиндошта шудаанд. Арзишњо, матлубиятњо ва идеалњои мубтанї бар мафрузоти асосї ва пояї (боварњо) мебошанд. Арзишњо, воќеиятњо ва корњоест, ки матлубият доранд ва мавриди хост ва орзуи аксарияти афроди як гурўњ, созмон ё љомеа мебошанд ва тарсимгари масир ва чигунагии дастёбї ба ин идеалњо ва матлубњо њам њастанд ва аз њамин рўй боядњо ва набоядњоеро шакл медињанд, ки онњоро њинљор гўянд. Нишона њам далолаткунанда, љойгузин, нишонгар ва ба воќеъ намоёнгар ё таљаллии мафрузот ва арзишњо аст. Нишонањо дар рафтори билќувва ва билфеъл, дорандагони мафрузот ва тамомии абъоди мавзўъ ва ё маќулаи марбута ќобили расад, мушоњида, мутолиа ва арзёбї аст.

Вожаи фарњанг луѓати форсии бо ќидмати бисёр аст, ки бо вуљуди таърифњои гуногуне, ки аз он шуда, њанўз аз он ибњомзудої нашудааст. Дар ин маќола зимни баррасии маъно ва мафњуми вожаи фарњанг дар забони форсї, фарњанг ба унвони «маљмўаи органикї аз муаллафањои њувиятбахш»-е таъриф ва ин муаллафањо ташрењ гардидааст.

 

چکیده مقاله به زبان روسی

СМЫСЛ И ЗНАЧЕНИЕ «КУЛЬТУРЫ» В ПЕРСИДСКОМ ЯЗЫКЕ

Слово «фарханг» (культуры) древне-персидское слово, которое не смотря на многочисленным трактовки так и осталось не понятым до конца. В статьи рассматривается смысл и значение слова «фарханг» культура в персидском языке и она объясняется как «органическое единство состоящее из элементов идентичности.    

چکیده مقاله به انگلیسی

MEANING AND SIGNIFICANCE OF "CULTURE" IN PERSIAN LANGUAGE          

          The notion of “culture” in Persian language is old one, but despite different existing explanations it still needs for new ways of understanding and explanation. In this article in the way of explanation of the meaning and essence of the “culture” in Persian language, the author interprets “culture “as an ‘organic body consists of branches that give birth to the identity’ and these branches.



[1] . Љаъфарї, Муњаммадтаќї. Фарњанги пайрав ва фарњанги пешрав. –Тењрон: Муассисаи тадвин ва нашри осори Аллома, 1379 њ.ш. чопи аввал. –С. 72.

[2] . Рўњуламинї, Мањмуд. Заминаи фарњангшиносї. –Тењрон: Аттор, 1372 њ.ш. чопи сеюм. –С. 11.

[3] . Род, Фирўз. Љомеашиносии тавсеаи фарњангї. –Тењрон: Чоппахш, 1382 њ.ш. чопи якум. –С. 52.

[4] . Рўњуламинї, Мањмуд. Мабонии мардумшиносї (риштаи улуми иљтимої). –Тењрон: Паёми нур, 1373 њ.ш. чопи якум. –С. 91.

[5] . Рафеъ, Љалол. Фарњанги муњољим ва фарњанги муваллид. –Тењрон: Иттилоот, 1374 њ.ш. чопи якум. –С. 20.

[6] . Буруманд Саъид, Муњаммадљавод. Фарњанги решаёбї ва корбурди замонии он. –Кирмон: Маркази кирмоншиносї, 1382 њ.ш. чопи якум. –С. 18.

[7] . Ошурї, Дориюш. Таърифњо ва мафњуми фарњанг. –Тењрон: Огоњ, 1381 њ.ш. чопи якум. –С. 17.

[8] . Ошурї, Дориюш. Таърифњо ва мафњуми фарњанг. –Тењрон: Огоњ, 1381 њ.ш. чопи якум. –С. 17.Буруманд Саъид, Муњаммадљавод. Фарњанги решаёбї ва корбурди замонии он. –Кирмон: Маркази кирмоншиносї, 1382 њ.ш. чопи якум. –С. 3.

[9] . Буруманд Саъид, Муњаммадљавод. Фарњанги решаёбї ва корбурди замонии он. –Кирмон: Маркази кирмоншиносї, 1382 њ.ш. чопи якум. –С. 3.

[10] . Ошурї, Дориюш. Таърифњо ва мафњуми фарњанг. –Тењрон: Огоњ, 1381 њ.ш. чопи якум. –С. 106.

[11] . Ошурї, Дориюш. Таърифњо ва мафњуми фарњанг. –Тењрон: Огоњ, 1381 њ.ш. чопи якум. –С. 17.

[12] . Рўњуламинї, Мањмуд. Мабонии мардумшиносї (риштаи улуми иљтимої). –Тењрон: Паёми нур, 1373 њ.ш. чопи якум. –С. 91.

[13] . Пањлавон, Чингиз. Фарњангшиносї: гуфторњое дар заминаи фарњанг ва тамаддун. –Тењрон: Ќатра, 1382 њ.ш. чопи дуюм. –С. 3.

[14] . Љаъфарї, Муњаммадтаќї. Фарњанги пайрав ва фарњанги пешрав. –Тењрон: Муассисаи тадвин ва нашри осори Аллома, 1379 њ.ш. чопи аввал. –С. 29.

[15] . Томпсон. Љон. Идеология ва фарњанги модерн (назарияи иљтимоии интиќодї дар асри иртибототи тўдагир), тарљумаи Масъуди Авњадї –Тењрон: Ояндапўён, 1378 њ.ш. чопи аввал. –С. 154.

[16] . Мададпур, Муњаммад. Сайри фарњанг ва адаб дар адвори таърихї. –Тењрон: Њавзаи њунарї, 1378 њ.ш. чопи аввал. –С. 51.

[17] . Масоил ва чашмандозњои фарњанг. –Тењрон: Вазорати фарњанг ва иршоди исломї, 1381 њ.ш. чопи аввал. –С. 51.

[18] . Рўњуламинї, Мањмуд. Дар густараи фарњанг – нигарише мардумшинохтї. –Тењрон: Иттилоот, 1386 њ.ш. чопи чањорум. –С. 17.

[19] . Пањлавон, Чингиз. Фарњангшиносї: гуфторњое дар заминаи фарњанг ва тамаддун. –Тењрон: Ќатра, 1382 њ.ш. чопи дуюм. –С. 7.

[20] . Љаъфарї, Муњаммадтаќї. Фарњанги пайрав ва фарњанги пешрав. –Тењрон: Муассисаи тадвин ва нашри осори Аллома, 1379 њ.ш. чопи аввал. –С. 97.

[21] . Масоил ва чашмандозњои фарњанг. –Тењрон: Вазорати фарњанг ва иршоди исломї, 1381 њ.ш. чопи аввал. –С. 51.

[22] . Масоил ва чашмандозњои фарњанг. –Тењрон: Вазорати фарњанг ва иршоди исломї, 1381 њ.ш. чопи аввал. –С. 51.

[23] . Љаъфарї, Муњаммадтаќї. Фарњанги пайрав ва фарњанги пешрав. –Тењрон: Муассисаи тадвин ва нашри осори Аллома, 1379 њ.ш. чопи аввал. –С. 82.

[24] . Пањлавон, Чингиз. Фарњангшиносї: гуфторњое дар заминаи фарњанг ва тамаддун. –Тењрон: Ќатра, 1382 њ.ш. чопи дуюм. –С. 7.

[25] . Љаъфарї, Муњаммадтаќї. Фарњанги пайрав ва фарњанги пешрав. –Тењрон: Муассисаи тадвин ва нашри осори Аллома, 1379 њ.ш. чопи аввал. –С. 78.

[26] . Пањлавон, Чингиз. Фарњангшиносї: гуфторњое дар заминаи фарњанг ва тамаддун. –Тењрон: Ќатра, 1382 њ.ш. чопи дуюм. –С. 7.