Мабонии фалсафии фарҳанг ва сиёсатгузории фарҳангӣ

Хулоса

Дар таърифҳое аз "Фарҳанг" ва "Назарияҳои фарҳангӣ" як вижагии асосӣ ва муштарак вуҷӯд дорад ва он ин, ки "Фарҳанг" мушаххасаи "Инсон" ва ҷудокунандаи ӯ аз дигар ҳайвонот ва омили аслии ҳуввиятбахшӣ ба инсон ва иҷтимооти инсонӣ аст.Аз ин рӯ коркардҳои ҷомеъашинохтӣ, равоншинохтӣ ва дигар коркардҳои "Фарҳанг" тавассути мутасаддиёну сиёсатгузорони фарҳангии ҷомеъаҳои инсонӣ, замоне ба дурустӣ фаҳмо мешавад, ки коркарди куллитар ва асоситар барои "Фарҳанг" дар назар гирифта шавад.Коркарде, ки созгории инсону ҷомеъаро бо ҳастӣ ва маҷмӯъаи ҳақиқатҳо ва воқеиятҳое, ки инсон мебоист, бо онҳо ва дар онҳо зиндагӣ кунадро ба унвони ниёзи пояӣ ва асосии инсон мумкин ва фароҳам месозад.Ниёзе, ки "Фалсафа" ба унвони ҳамзоди "Инсон" ва "Фарҳанг" ҳамвора дар паи он буда, то ба он посӯх диҳад.

Ҳадафи асосии "Фалсафа" ҳалли баъзе аз масъалаҳову мушкилиҳои зиндагии моддӣ ва маъноии башар ва фароҳамсозии посӯх ба бахши муҳиме аз ниёзи инсон, ба донистани ҳақиқатҳо ва бароварда кардани ҳисси ҳақиқатҷӯӣ ва кунҷковии сернопазири ӯ аст."Фалсафа" ба унвони маҷмӯъае аз посӯхҳои фароҳамшуда, барои "Чистӣ", "Чароӣ" ва "Чигунагӣ" ва матраҳ кардани пурсишҳои куллӣ барои ёфтани роҳи ҳалли масъалаҳову мушкилиҳои моддӣ ва маъноии башар, шаклдиҳандаи маъориф ва боварҳои пояӣ ва асосии инсонҳову ҷомеъаҳои башарӣ аст.Боварҳое, ки дар як нигоҳи калон дар бораи чаҳор меҳвари куллӣ:

1-Худ(буъди ҷисмонӣ, буъди маъноӣ ва дигар абъод)

2-Дигарон(афроди перомунӣ, нақшҳо, ҷомеъаҳо, созмонҳо ва ғайра)

3-Табиат ва

4- Мовароъ(мабдаъ, маъод, воситаҳо ва ғайра)

шакл мегиранд.Агар ин боварҳо аз таҳкурсии фалсафии саҳеҳ ва дурусте бархурдор бошанд ва сиёсатгузорони фарҳангӣ низ ба онҳо ҷиҳати матлуб дода, шароити пос доштану арҷ гузоштан ба онҳоро фароҳам созанд, боистаҳои шоистае хоҳанд буд, ки боиси растани дорандаи онҳо аз зулумоту ҷаҳл буда, ба ӯ ин қобилиятро медиҳанд, ки дигаронро ҳам растонда ва ҳидоят намояд.

Дар таърифи "Фарҳанг"(маҷмӯъаи органик аз муаллифаҳои ҳуввиятбахш), ҳам таъкиде бар муаллифаҳои ҳуввиятбахш аст.Муаллифаҳое, ки бар асоси боварҳои аслӣ ва пояӣ шакл гирифта ва ин боварҳо матлубиятҳову идеалҳо ё ба таъбири дигар арзишҳоро таъин сохтаанд.Арзишҳое, ки оҳиста-оҳиста ҳанҷор мешаванд, ҳанҷорҳое, ки равобит ва кунишҳои иҷтимоиро танзим мекунанд ва аксарият худро ба онҳо пойбанд медонанд.Бо ин ҳисоб "Фалсафа" шаклу ҷиҳатдиҳанда ба "Фарҳанг" буда, тафовути фарҳангҳо ношӣ аз тафовути "Фалсафа" ва сиёсатҳову сиёсатгузориҳои фарҳангист.Пас аз ин, ки бар асоси посӯхҳои дарёфтӣ, аз "Фалсафа" дар бораи "Чистӣ", "Чароӣ" ва "Чигунагӣ"-и мавзӯъе,  мафрӯзае ба унвони ҳақиқат ва ё воқеъият пазириш шуд, боваре ва бар асоси ин бовар арзиш ва сипас ҳанҷоре шакл меёбад ва дар ниҳоят ин бовар дар рафтори "Билқувва" ва "Билфеъл"-и дорандагони мафрӯзот ва тамомии абъоди мавзӯъ ё мақулаи марбута таҷаллӣ меёбад.Ин таҷаллиро нишона гӯянд, ки ба се гурӯҳ тақсим мешавад.

1-Шамоилӣ(icon),

 2-Ишоратию ирҷоӣ(index),

3-Намодину қарордодӣ(symbol).

Бо густариши бори мафҳумии "Фарҳанг" аз ҳавзаи боварҳо, арзишҳо ба ҳавзаи нишонаҳову намодҳо ва вуқуъи таҳавулҳои азим дар низомҳои иртиботӣ, сиёсатгузории фарҳангӣ зарурати хеле бисёр ёфтааст.Дар гузаштаи начандон дур ин тасаввур матраҳ буд, ки ё имкони сиёсатгузории фарҳангӣ вуҷӯд надорад ё мушкил он қадар зиёд аст, ки амалан монеъи сиёсатгузорӣ дар арсаи "Фарҳанг" мешавад, аммо имрӯза дар назар ва амал ин баҳс ба таври умумӣ пазируфта шудааст, ки дар ҳавзаи "Фарҳанг" метавон ба маънои илмӣ, сиёсатгузорӣ кард."Сиёсатгузории фарҳангӣ" ба маҷмӯъаи иқдомоте таъини хати машй ва роҳбурдҳои калон дар ҳавзаи "Фарҳанг" итлоқ мешаванд, ки ба манзури пос доштану арҷ гузоштан, ҷиҳатдиҳӣ, ислоҳ ва беҳбуд барои расидан ба ҳадафҳои мавриди назар сурат мегирад.Ин иқдомот мумкин аст, ба сурати мудохила, назорат ва ё худдорӣ аз ҳар гуна мудохила рӯй диҳад.