Сиёсатгузории фарњангї

Дар њавзаи мудирияти фарњангї, мафњуми сиёсати фарњангї аз љумлаи мафоњими тозаест, ки аз чанд дања ќабл мавриди таваљљўњи љиддї ќарор гирифтааст ва нигоњ ба фарњанг ба унвони яке аз заминањои аслии тавсиа ва дастёбї ба ањдофи матлуби мавриди назар, ба сатри муносиб ва заминаи назарии лозимро барои шаклгирии мафњуми сиёсати фарњангї ба вуљуд оварда аст.


. Њамчунин густариши бори мафњумии фарњанг аз њавзаи нигаришњо, боварњо ва арзишњо ба њавзаи нимодњо ва нишонањо бавижа мањсулоти фарњангї ва вуќуи тањаввулоти шигарф дар низомњои иртиботии зарурати сиёсатгузорї ва барномарезии фарњангиро дучандон намудааст.     Дар гузаштаи начандон дур ин тасаввур матрањ буд, ки ё имкони сиёсатгузории фарњангї вуљуд надорад, ё мушкил он ќадар зиёд аст, ки амалан монеи сиёсатгузорї дар арсаи фарњанг мешавад, аммо имрўз дар амал ва назар ин ин бањс ба таври умумї пазируфта шудааст, ки дар њавзаи фарњанг метавонад ба маънои илмии сиёсатгузорї сурат гирад.

Дар тўли таърих миллатњо барои њифз ва нигањдошти аносири фарњангии худ ва боландагї ва пўёии он талошњои фаровонеро ба амал овардаанд. Пас аз љанги дуввуми љањонї ва истиќлоли бисёре аз кишварњои мустаъмараи собиќ навъе худогоњии миллї дар ин кишварњо падидор мешуд. Соњибназарон ва масъулони давлатии онон камо беш ба он чи тавассути љомеашиносон ва муаррихон ба миллатсозї таъбир шуда, яъне кўшиш дар љињати якпорчасозии аќвом, вањдати фарњангї тавоифи гуногун созондаи як миллат, эљод ва густариши огоњї нисбат ба миллият ва њуввияти фарњангии миллї дар ин кишварњо, алоќаманд шуданд ва бар ин асос кўшиданд то бо навъе сиёсатгузории фарњангї дар љињати равшан сохтан ва таќвияти њуввияти фарњангии мардум бикўшанд то вањдат ва инсиљоми миллиро таќвият карда ва ба сатри муносибе барои тавсеаи миллї фароњам кунанд. Дар давраи њозир њам давлатњои кишварњои дар њоли тавсеа, ба дунболи мудохила дар умури иќтисодї, мудохила дар умури фарњангиро дар дастури кори худ  карор доданд, бо ин тављењ, ки њамон тавр ки инсонњо њаќ доранд аз бењдошт, шуѓл ва ќонун бањраманд шаванд, њаќ доранд ба унвони њуќуќи башар ва шањрвандї, аз фарњанг ва осори он њам бањраманд шаванд. Мањсулоти фарњангиро масраф намоянд, дар халоќиятњои фарњангї наќш дошта бошанд. Дар кишварњои санъатї ниёз бо афзоиши рифоњ ва ниёз ба имконоти фарњангї барои гузаронидани  авќоти фароѓат, мудохилаи давлатњо дар ин умурро афзоиш медињад. Бад ин тартиб мудохила дар умури фарњангї њамонанди мудохила дар умури иќтисодї ва рифоњи моддї дар бисёре аз кишварњо мавриди таваљљўњ ќарор мегирад. Албатта дидгоњњои мухталифе дар мавриди асли мудохилаи давлат дар умури фарњангї матрањ аст ва давлатњо посухњои мутафовитеро ба ин пурсиш додаанд. Бархе давлатњо умури фарњангиро масъалаи марбут ба фард медонанд ва мудохилаи давлатро дар ин умур хилофи озодї ба шумор меоваранд. Аммо дар њамин кишварњо њам ба таври мутамарказ ва дар ќолаби созмонњо, ширкатњои бузурги тавлидкунандаи саноеъ ва мањсулоти фарњангї, шањрдорињо ва амсоли он амалан навъе сиёсатгузории фарњангии калон вуљуд дорад, ки аз тариќи маконизми бозор ва бо истифода аз абзори иќтисодии амалї мешавад ва созмонњои мутаадиди рифоњи умумї ва хусусї вуљуд дорад, ки хадамоти фарњангї ироа медињанд ва барои худ навъи сиёсатгузорї доранд, дар соири кишварњо низ аз тариќи вазоратхонањо ва васоили иртиботи љамъи давлатї сиёматњои фарњангии хос, ки тавассути парлумон ё давлат тарроњї шудааст, ба иљро дар меояд. Таваљљўњи дигаре, ки охиран барои зарурати сиёсатгузории фарњангї тавассути давлатњо матрањ гардида, таъсири расонањо ва шевањои љадиди иртиботот бо абъоди шигифтовари онњо аст. бисёре аз кишварњо бо ин тасаввур, ки дар маъраз ќарор гирифтани мардум дар муќобили расонањои љањонї, мумкин аст арзишњои умумї ва фарњанги миллиро тазъиф намояд, худро мувазаф медонад, ки пушти сари љомеа ва фарњангсозони он ќарор гиранд, то бо тавлиди осорї бар мабнои фарњанги миллї аз таъсири яксонсози ин нерўи байналмиллалии фарњангї бикоњанд.

Дар санаде, ки созмони ЮНЕСКО тайи конфронси љањонии сиёсатгузории фарњангї дар тобистони соли 1982 дар Макзеквистї ироа дод; «бо вуљуди ихтилофоти мављуд дар дидгоњи низомњои сиёсї ва иљтимоии гуногун, бо масъулияти маќомњои умумї» тадвин ва иљрои сиёсатњои фарњангии имрўза тавассути кулияи  дували узв ба расмият шинохта шудааст. Аз он љо, ки дастрасї ба фарњанг ва мушорикат дар он њаќи зоттии њар узви љомеа ташхис дода шудааст, ин масъулият бар ўњдаи дувал гузорида  шуда, то шароитеро фароњам оваранд, ки њамагон ќодир ба аъмоли ин њаќ бошанд, пас њамон тавр, ки давлатњо барои иќтисод, илм, омўзиш ва парвариш ва рифоњ сиёсатгузорї мекунанд, дар мавриди фарњанг низ сиёсатњое тарроњї мешавад. Дар ин замина, бархе давлатњо иќдомоти созмонёфтаро тарљењ медињанд ва бархе дигар ба ишколи инъитофпазиртар тарроњии пурвижа ва њимоят роѓибанд ва билохира порае аз дувал низ мекўшанд, ки фаќат мушавиќ ва ангеза барои фаъолияти гурўњњо ва иљтимоиёти парокандаро фароњам созанд»[1].

Дар мавриди мизони мудохилаи давлатњо дар сиёсатгузории фарњангї низ бар нукоти зарифе таъкид шудааст. Аз љумла, ин ки созмонњои давлатии масъули умури фарњангї, набояд багунае амал намоянд, ки халќ ва халоќияти фарњангї дар байни фарњангварзон мушкил гардад. Балки сиёсатњои фарњангї бояд ба гунае бошад, то шароити муносиберо барои бурўзи халоќиятњо  ва навоварии фарњангї фароњам намояд. Бинобар ин сиёсатгузории фарњангї бояд битавонад бо эљоди сохторњои лозим ва манобеи кофї барои тањќиќи ањдоф ва эљоди шароит бо дарназар гирифтани арзишњои иљтимої ва ихтилофи љомеа афзоиши халоќият, офаринандагии фикрї ва њунарї ва шароити лозимро мушорикати мардум дар зиндагии иљтимоиро фароњам намояд.

Анљоми вазоиф, ифои наќш ва иљрои њамоњанг ва коромади фаъолиятњои марбут ба њавзаи зербиної ва њассосе мисли фарњанг, тавассути созмонњо ва нињодњои мухталиф, ниёз ба вуљуди мењварњо ё усуле дорад, ки ба воситаи риоят, иноят ва ба кор гири онњо, њаракат дар масири дастёбї ба ањдофи мутмаъинтар ва сањлтар мешавад. Ин мењварњо, ки кори њамоњангсозии фаъолиятњои созмонњои мухталиф дар арсаи фарњангро бар ўњда дорад, тањти унвони усули сиёсати фарњангї шинохта мешаванд[2]. Ба таври ќатъ наќш ва љойгоњи давлат дар абъоди мухталифро бояд дар сиёсатњои фарњангї мулњам аз ќонуни асосии як кишвар љустуљў кард. Давлат ва нињодњои дастандаркор, бояд бо илњом аз ќонуни асосї ва бар пояи њуќуќ ќобили истинботи фарњангї, сиёсї ва иќтисодии худро тадвин кунанд.

Њол пас аз ин бањс нисбатан муфассал дар бобби зарурати сиёсатгузории фарњангї бањси мухтасар ва иљмолї хоњем дошт дар бораи мафњуми сиёсати фарњангї  ва сутўњи он.

Вазъ намуда ва ба унвони улгў ва роњнамо, њудуди аъмол, иќдомот ва тасмимоти иљроии он љомеаро ба манзўри нил ба ањдофи мавриди назар таъйин мекунанд. Дарвоќеъ сиёсат маљмўаи тадобире аст, ки барои расидан ба ањдофи ќобили њусул дар чорчўби усули асосї кулї тадвин мешавад. Сиёсати кулиро њам чорчўби роњнамо барои хати машињо, тарњњо ва барномањо номида ва онро баёни кули таъриќи нил ба ормонњо донистаанд, тараќќї, ки дар сутўњи баъдии тасмимгирї, сиёсатњои иљроиро њидоят менамояд ва ба њамин далел дар сиёсати кулї, як чашм ба њадаф ва чашми дигар ба роње, ки ба он њадаф ё ормон мунтањї мегардад дўхта мешавад.

Истилоњи сиёсати фарњангї ба маљмўаи иќдомот дар њавзаи фарњанг, ки ба манзури сиёнат, љињатдињї, ислоњ ва бењбуд сурат мегирад итлоќ мешавад.  «Иќдомот мумкин аст ба сурати мудохила, назорат ва ё иљтиноб аз њар гуна мудохила дар њавзаи фарњанг рўй дињад. Дарвоќеъ сиёсати фарњангї маљмўаи печидае аз фаъолиятњои гуногун аст, ки ба гунаи органик бо њам иртибот доранд»[3].

Сиёсати фарњангї дар њаќиќат њамон тавофиќи расмї ва иттифоќи назари масъулони умур дар ташхис, тадвин ва таъйини муњимтарин усул ва улвиятњои  лозимул ироя дар њаракати фарњангї аст. Њамчунин сиёсати фарњангиро метавон усули роњнамои коргузорони фарњангї ва маљмўаи алоим ва нишонањое донист, ки масири њаракатро нишон медињанд. Ба иборати дигар навъе дастурамал аст, ки равшангари њаракат аст. бинобар ин сиёсати фарњангї дар њама маворид, лузуман гўёии нукоти бадеъ ва бесобиќа ва ѓайримакшуфа нест, ки силсилае аз улвиятњо ва усул ва фурўи як њаракати фарњангиро расмият медињад ва њам фикре ва њам љињатеро бо њамкорї ва њамоњангї тавъам мекунад. Майсоќе аст муњим аз ормонњо ва эътиќодот, нозир бар таљрибањо ва воќеиёт, мањдуд ба зарфиятњо ва имконот, таваљљўњ ба оянда ва ањдофи баъд ва ќариб, ки ба њар њол дар зил ва зайли ќонуни асосї ќарор гирифта аст[4]. Бархе сиёсатгузории фарњангиро таъйини хатти машињо  ва роњбурдњои калони фарњангї расидан ба ањдофи чањоргонаи тавсеаи фарњангї (иртиќои њамкорињои фарњангї таќвияти мушорикати фарњангї, њифзи мероси фарњангї ва таќвияти њуввияти фарњангї) таъриф карда ва сиёсати фарњангиро навъе тавофиќи расмї ва иттифоќи назари масъулон ва мутасадиёни умур дар ташхис, таъйин ва тадвини усул ва улвиятњои лозим ва зарурї дар фаъолияти фарњангї ва роњнамоии масъулон, барномарезон ва коргузорон фаъолиятњои фарњангї медонанд[5]. Масъулон, мутасадиён ва њамаи марољеъ ва марокизи фарњангї вобаста ба давлат дар дараљаи авали муљриён ва мухотибини сиёсати фарњангии кишвар њастанд. Соири афрод ва љамъиятњо ниёзи лозим аст бо дараљот ва нисбатњои мухталифе, ки доранд ва ин амр аз шаъни иљтимої ва низ навъ ва нањваи фаъолияти фарњангии онњо ношї мешавад, ба таносуби  маврид бо мавод ва муфоди ин сиёсат фарњанге бархўрд дошта ва нуќскунандаи он набошад.

Метавон муддаї шуд, ки мутанозир бо њар таърифе аз фарњанг, маљмўае аз сиёсатњоро низ метавон тарроњї ва тадвин кард, аз он љо ки  дар љавомеи љаддид  њар се сатњи маъноии мафњуми фарњанг, кулї, миёнї ва хурд коркард дорад. Бинобар ин метавон се радаи сиёсати фарњангиро аз якдигар мутамойиз намуд. Куллитарин ва љомеътарин сиёсати фарњангї, сиёсатњои роњбурдї аст, ки бо њадафи тавсеа ва таъмиќ ё њаросат ва љињатдињї аз фарњанги умумии љомеа тарроњї ва тадвин мешавад, ин сатњ аз сиёсатњои фарњангї мубтанї бар усули бунёдї аст, ки љузъи лоянфак низоми арзишї, таърихї ва њуввияти миллии як миллат мањсуб мешавад ва мустаќиман аз эътиќодот, арзишњо, ормон ва идеологияи њоким бар он љомеа илњом мегирад. Ва маъмулан њамешагї, њамаљониба, фарогир ва ормонї аст. Ва ба таъбире баёнияи сиёсатњои фарњангї роњбурди як низом аст. Дуввумин сатњи сиёсатњои фарњангї, сатњї аст, ки мавзўи он метавонад, ба навъи барномарезии дарозмуддати фарњангї бошад, ки барномарезињои миёнмуддат ва кўтоњмуддати фарњангиро њидоят мекунад. Ин сиёсатњоро метавон навъе роњбурдњои фарњангї дар чорчўби ќонуни асосї ва тадобири рањбарии љомеа донист. Сиёсатгузорї дар ин сатњ дарвоќеъ тадвин ва таъйини муњимтарин усулу улвиятњои лозимул риоя дар њаракати фарњангии љомеа аст ва манзур аз сиёсатгузорї дар ин сатњ, таъйини усул ва роњнамоии коргузорони фарњангї ва маљмўаи алоим ва нишонањое аст, ки масири њаракатро нишон медињад. Сатњи саввуми сиёсатњои фарњангиро, метавон маљмўаи сиёсатњое донист, ки дар барномарезињои миёнмуддат иттихоз мешавад. Ин сатњ аз сиёсатњо маъмулан дар болотарин сатњи нињодњои кишвар тарроњї ва тадвин мешавад. Дарвоќеъ, он чи дар ин сатњ рух медињад, сиёсатгузорї ба маънои воќеии он нест, балки навъе гузиниш аз миёни сиёсатњои мушаххас шуда дар сутўњи аввал ва дуввуми сиёсатгузорї ва интибоќи онњо бо масоил ва мушкилот ва улвиятњои фарњангии мављуд ва ё эњтимолї дар як давра замонї аст. Марољеи сиёсатгузории фарњангї дар кишвар барои анљоми ин вазифааз ду манбаъ таѓзия мешаванд, яке дастурамалњои лозимул риояе аст, ки дар ќолаби сиёсатњои баландмуддат аз мурољеи болодастї њамчун ќонуни асосї, маънавиёт ва тадобири рањбарон ва мусаввботи мурољеъи ќонунгузор содир мешавад ва манбаи дуввум масоил, мушкилот ва норасоињо ё пешнињодњое аст, ки барои бењбуди умури фарњангї аз сўи дастгоњњои иљроии мутаввалии умури фарњангї ба нињодњои барномарезї мунъакис мешавад. Дар њоле, ки сиёсатњои сутўњи аввал ва дуввум бештар ормонгароёна ва маъхуз аз арзишњо ва идеологияи низом ва бо моњияти роњбурдї тадвин мешаванд. Сиёсатњои фарњангї барномае, амалгароёна ва бо таваљљўњ ба воќеияти фарњангии мављуд ва ироаи роњкор барои њалли масоил ва мушкилот танзим мегарданд[6]. Бо дар назар гирифтани сатњи сиёсатгузории фарњангї, ба лињози коркардї, бењтарин вазъият замонї аст, ки иртиботи мунтаќї ва маънодоре байни сиёсатњои сутўњи мухталиф вуљуд дошта бошад. Ба ин маънї, ки њар сиёсати баландмуддат, илњомбахши як ё чанд сиёсати миёнмуддат бошад ва њар сиёсати миёнмуддат њам ба тадвини як ё чанд сиёсати кўтоњмуддат ва иљроии мунљар шавад. Дар ин сурат маљмўаи мунсаљаме аз сиёсатњои фарњангї хоњем дошт, ки њар сиёсат ба таври уфуќї ва њам ба таври умумї дорои иртиботи мутаќобил ва мантиќї бо соири сиёсатњо аст. Ба лињози созмонї ё сохторї сутўњи аввал ва дуввуми сиёсатгузории фарњангии фародавлатї ва байнибахшї аст. Ба он далел, ки сиёсатњои иттихозшуда дар ин сутўњ сиёсатњои баландмуддате њастанд, ки аз давраи замонии умри давлатњо маъмулан бештар аст. Дар ин сутўњ њанўз фарњанг ба њавзањои мушаххас ва муайяне таќсим нашуда, ё ба иборате дигар њанўз бахшї нашудааст. Ба илова лозим аст мурољеъ ва нињодњои сиёсатгузорї, ба сурати силсила маротиб мушаххас шаванд ва њавзаи амали њар мурољеъ ва љойгоњи ќонунии он  ба таври даќиќ таъриф шавад, то зимни љилавгирї аз такрори фаъолият ва тадохили вазоиф, дар манобеи молї ва инсонї сарфљўйї шавад ва аз таъсири сўи мурољеъи ѓайримасъул дар сиёсатгузории фарњангї коста шавад.

 

 

Маљид Асадї

аспиранти пажўњишгоњи фалсафаи

Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон

 

Чакида:

 Дар бахши авали ин маќола дар бораи зарурат, ањамият ва наќш ва љойгоњи давлат дар сиёсатгузории фарњангї аст ва матрањ гардид, ки сиёсати фарњангї аз љумлаи мафоњими тозае аст, ки мавриди таваљљўњи љиддї ќарор гирифтааст ва бо густариши бори мафњумии фарњанг аз њавзаи нигаришњо, боварњо ва арзишњо  ба њавзаи намодњо ва нишонањо, бавижа мањсулоти фарњангї ва вуќуи тањаввулоти шигарф дар низомњои иртиботии зарурати сиёсатгузорї ва барномарезии фарњангиро дучандон намуда аст. Дар бахши саввум њам мафњум ва сутўњи сиёсатгузории фарњангї ташрењ шуда аст. Ва тавзењ дода шуд, ки истилоњи сиёсати фарњангї маљмўаи иќдомот дар њавзаи фарњанг аст, ки ба манзури сиёнат, љињатдињї, ислоњ ва бењбуд сурат мегирад. Сиёсати фарњангї дар њаќиќат њамон тавофиќи расмї ва иттифоќи назари масъулон ва мутасадиёни умур дар ташхис, тадвин ва таъйини муњимтарин усул ва улвиятњои лозимул риоя дар њаракати фарњангии як љомеа аст.

 



[1] Њусейналї Расул. «Усул ва мабонии сиёсати фарњангї дар Осиё ва Африќо», Тењрон, 1379. – С. 13.

[2] Сиёсати фарњангї ва улгўи ирояи гузориш дар фаъолиятњои фарњангї. Муовинати пажўњиш ва омўзиши вазорати фарњанг ва иршоди исломї. Интишороти боз, чопи 1. 1378. – С. 111.

[3] Фарњангї, Алї Акбар.  «Маљаллаи номаи фарњангї». Шумораи 30. – С. 97.

[4] Вазорати фарњанг ва иршоди исломї, «Усули сиёсати фарњангї љумњурии исломї». Тењрон, 1371. – С.6.

[5] Њусейналї Расул. «Усул ва мабонии сиёсати фарњангї дар Осиё ва Африќо», Тењрон, 1379. – С. 56.

[6] Иљлолї, Парвиз. «Сиёсатгузорї ва барномарезии фарњангї дар Эрон». Тењрон, 1379. – С.52.

 

Маљид Асадї

аспиранти пажўњишгоњи фалсафаи

Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон